Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 31.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябр дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, ҷилди панҷуми китоб рӯйдодҳои таърихиро аз замони таъсиси шоҳаншоҳии Сосониён то замони таъсиси давлатҳои мустақили тоҷикон -Тоҳириён ва Саффориён дар Хуросони Бузург фаро мегирад.

Дар нигориши китоб аз ҷониби муаллифон 289 сарчашмаи таърихӣ, 332 монографияи илмӣ, 283 мақолаи илмӣ, 132 адабиёт ба забонҳои англисӣ ва олмонӣ истифода шудааст.

Дар чорабинӣ иштирокдорон аз ҷанбаҳои мухталифи масоили таърихии дар китоб инъикосёфта сухан карда, нашри чунин асари академиро туҳфаи арзанда дар Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ (2026) маҳсуб донистанд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"