Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ 3 корхонаи нави саноатиро ба истифода доданд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 27.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ 3 корхонаи нави саноатиро ба истифода доданд. Фаъолияти иншооти нав дар асоси
ДУШАНБЕ, 27.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ 3 корхонаи нави саноатиро ба истифода доданд. Фаъолияти иншооти нав дар асоси технологияи муосир ба коркарди меваҷоту сабзавот, истеҳсоли мебел ва маҳсулоти сохтмонӣ равона карда шудааст.
Дар ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Қоим аз сабзавоту меваҷот баъди коркард афшӯраю мураббо ва хамираи помидор истеҳсол карда мешавад. Корхонаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз ҷониби соҳибкор Мурод Қоимдодзода сохта шуда, дар он 12 сокини маҳаллӣ ба кор таъмин гардидаанд. Маҳсулоти корхона бо тамғаи Самари кӯҳсор ба бозор пешниҳод мегардад.
Масъулони корхонаи Самари кӯҳсор азм гирифтаанд, ки бо хоҷагиҳои истеҳсолкунандаи меваю сабзавот шартномаҳои дуҷониба баста, дар тавлиди ашёи хом барои коркард саҳмгузорӣ намоянд. Минбаъд маҳсулоти кишоварзӣ аз шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои коркард харидорӣ мегардад, ки беҳтарин васила барои пешгирӣ аз талафёбии самараи меҳнати деҳқонон, даромади бештари иқтисодӣ барои хоҷагиҳо ва имконият барои истеҳсоли маҳсулоти босифати табиӣ мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корхонаи коркарди меваю сабзавот таваҷҷуҳи масъулини сохторҳои дахлдор ва коргарону мутахассисонро ба истифодаи имкониятҳои мавҷудаи табиати кӯҳистон, бастани шартнома бо хоҷагидорон, омӯзиши талаботи истеъмолкунанда, афзоиш додани истеҳсолоти рақобатпазири саноатӣ ва қонеъгардонии талаботи бозор ҷалб намуданд.
Оянда дар ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Қоим бо истифодаи имкониятҳои иловагии технологияи воридшуда коркарди ангат ва истеҳсоли равғану шарбати он, инчунин бо ҷалби мутахассисони ҷавон корсервакунонии сабзавот ба роҳ монда хоҳад шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ ҳамчунин бо фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Помир экомебел» шинос шуданд.
Дар корхонаи истеҳсоли мебел 6 дастгоҳи муосир насб гардида, идоракунии он тавассути технологияи рақамӣ ба роҳ монда шудааст. Ҷевон ва мизу курсӣ мувофиқ ба дархости мизоҷон бо шаклу андозаҳои гуногун барои ошхона ва ҳуҷраи корию хоб истеҳсол карда мешавад.
Дар корхонаи мебел 10 нафар сокини маҳаллӣ ба кор таъмин шудаанд ва вобаста ба зиёд шудани талабот ба маҳсулот, теъдоди кормандон афзун мегардад.
Таҷрибаи ғании дуредгарӣ, фазои мусоиди соҳибкорию сармоягузорӣ ва дастгирии Ҳукумати кишвар имкон фароҳам овард, ки аз ҷониби соҳибкор Шогунбеки Акимбек бо ворид намудани технологияи муосир истеҳсоли маҳсулот тибқи таҷрибаи муосир ба роҳ монда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии Хоруғ ҳамчунин корхонаи масолеҳи сохтмониро ба истифода доданд.
Дар корхона бо назардошти талабот дару тирезаҳои пластикӣ, профилҳои сохтмонӣ ва хишти сабук истеҳсол карда мешавад. Тавлиди маҳсулот тавассути 4 дастгоҳи муосир анҷом дода мешавад. Оянда вобаста ба талаботи бозор воридкунии 2 дастгоҳи дигар ва ба роҳ мондани истеҳсоли меху дастпӯшҳои сохтмонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Корхонаи масолеҳи сохтмонӣ дар доираи татбиқи ҳадафҳои стратегӣ аз ҷониби соҳибкор Воҳиди Искандар бунёд гардидааст.
Дар доираи татбиқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне давоми 5 соли охир дар шаҳри Хоруғ 46 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ бо 300 ҷойи нави корӣ бунёд гардида, теъдоди умумии корхонаҳо ба 72 расидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмуъ ифтитоҳи 7 корхонаи нави саноатиро дар шаҳри Хоруғ собитгари ташаккули фаъолияти соҳибкорӣ ва амалишавии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати кишвар арзёбӣ карда, масъулини сохторҳои дахлдор ва соҳибкоронро барои истифодаи бештар аз имтиёзҳои пешниҳодкардаи Ҳукумати кишвар, ҷалби сармояи хориҷӣ, ворид намудани технологияи муосир, бунёду барқароркунии корхонаҳои саноатӣ ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот вазифадор намуданд.