Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид. Президенти Қазоқистон зимни суҳбат Сарвари давлати

ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид.

Президенти Қазоқистон зимни суҳбат Сарвари давлати моро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба Пешвои миллат сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти пурмасъули давлатиашон комёбиҳои рӯзафзун орзу намуданд.

Сарони давлатҳо ҳамзамон оид ба масъалаҳои алоҳидаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманди Тоҷикистону Қазоқистон дар чорчӯби шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ ибрози назар карда, ҷиҳати идомаи саъю талошҳои муштарак барои пешбурди босамари равобити ду кишвар изҳори омодагӣ карданд.

Дар зимн Президентҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба масоили дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор анҷом дода, ҷадвали мулоқотҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи сатҳи олии дарпешистодаро ба баррасӣ гирифтанд.

Источник: АМИТ "Ховар"