«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд

АМИТ "Ховар" ·

«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд…

ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023 дар мамлакат «Барномаи рушди минтақаи сайёҳии Роғун барои солҳои 2024-2028» тасдиқ гардид. Барнома дар се марҳила — солҳои 2024-2026, соли 2027 ва соли 2028 мутобиқи нақшаҳои барнома амалӣ карда мешавад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба иҷрои ин барнома дар марҳилаи якум бо муовини Раиси шаҳри Роғун Баҳром Шарафзода ҳамсуҳбат гардид.

Баҳром Шарафзода иброз дошт, ки ҳадафи асосии барнома ин фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ ба мавзеъҳои тамошобоби шаҳри Роғун мебошад.

«Дар марҳилаи якуми татбиқи барнома ду маротиба, аз ҷониби гурӯҳи корӣ беш аз 10 мавзеи сайёҳии шаҳр мавриди омӯзиш қарор гирифта, хусусиятҳои он ба пуррагӣ муайян карда шуданд. Инчунин барои дар оянда ташкил намудани хатсайрҳои сайёҳии шаҳр 6 макон муайян ва интихоб карда шудааст. Айни замон дигар мавзеъҳои сайёҳии шаҳр аз ҷониби шахсони масъул мавриди омӯзиш ва таҳқиқот қарор доранд», -афзуд ҳамсуҳбати мо.

Иттилоъ дода шуд, ки дар давоми се сол аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун бо мақсади тарғибу ташвиқи манзараҳои зебо ва тамошобоб, ҷалби бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ 15 филмҳои алоҳида ва 30 роликҳои хурди тарғиботӣ аз ҳудуди шаҳри Роғун, обанбори Роғун, инчунин мавзеъҳои сайёҳии деҳот наворбардорӣ гардида, дар телевизионҳои давлатӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашр карда шудааст.

«Дар доираи ин барнома, бо мақсади ҳифзи манбаъҳои обӣ, таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, беҳдошти ҳифзи тозагию санитарӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва аҳолӣ дар деҳаҳои «Қалъаи Нав» ва «Ҷавонӣ» барои беш аз 190 хоҷагӣ обанбору хати оби нӯшокӣ таъмин карда шуд. Ҳамчунин дар назди хоҷагии ҷангали шаҳр дар ҳаҷми 1 гектар мавзеи ниҳолпарварӣ ташкил гардида, дар ин давра корҳои дарахтшинонӣ ва сабзазоркунӣ ду маротиба бештар карда шуд»,– афзуд Баҳром Шарафзода.

Изҳор гардид, ки барои мутобиқгардонии сифати хизматрасонии осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо ва хизматрасонии сарироҳӣ ба талаботи стандартҳои амалкунанда барои навсозӣ ва беҳтар кардани шароити хизматрасонии осоишгоҳҳо дар давоми се соли охир аз ҷониби соҳибкорон ба маблағи 1.5 млн сомонӣ сарф карда шудааст.

Инчунин дар мавзеъҳои Ёнахшу Ғашиён ва Марғзор, ки аз марказ бештар аз 30 километр дуртар ҷойгир мебошанд, дар мавсими тобистон барои тамошои манзараҳои зебои табиат ва истироҳат дар самти сайёии экологӣ мавҷуд буда, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар ин макон як меҳмонхона бунёд карда шудааст.

Дар асоси ҳамкории мақомот бо шарикори рушд дар марҳилаи якуми барнома 35 километр роҳи мошингарди Обигарм – Нуробод ва 30 километр роҳҳои дохили деҳаю кӯчаҳо навсозӣ ва мумфарш гардиданд.

Ба тамошои оромгоҳи Хоҷа Ҷунайд ва Ҳати Бибӣ, ки ҳамчун мавзеи зиёратӣ ва фарҳангӣ маҳсуб меёбанд, ҳамасола шумораи зиёди сайёҳони дохилию хориҷӣ меоянд. Дар доираи татбиқи барнома роҳҳои ин мавзеъҳо мунтазам навсозӣ ва мумфарш карда мешаванд.

Ҳамсуҳбати мо тазаккур дод, ки барои муайян ва таъсиси бренди шаҳри Роғун дар доираи барнома ба маблағи беш аз 70000 сомонӣ армуғонҳо дар шаклҳои гуногуни тайёр карда шуда, ба меҳмонон ҳамчун туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Ҳамзамон ҷиҳати таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ оид ба бунёд ва беҳсозии инфрасохтори сайёҳӣ ва пешниҳод бо сармоягузорон дар ин давра ба шарикони рушд, мақомои ваколтадори давлатӣ ва дигар сохторҳои дахлдор 11 лоиҳаҳои сармоягузорӣ пешниҳод карда шуд. Айни замон 8 лоиҳа дар шаҳр амалӣ гардида истодааст.

Баҳром Шарафзода изҳор дошт, ки дар доираи татбиқи барнома дар ин давра аз ҷониби соҳибкорон 2 осоишгоҳ, 2 меҳмонхона, 3 марказҳои фурӯшу истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ ва сайёҳӣ, 1 мағозаи фурӯши армуғони сайёҳӣ, 2 инфрасохтори хизматрасонии иҷтимоӣ ва 2 ҳоҷатхонаи сарироҳӣ бунёд карда шудааст.

Бо мақсади рушди ҳунармандӣ дар байни занону духтарон, баланд бардоштани шуғлнокии занон, истеҳсоли маҳсулоти дастии ҳунармандӣ, намоиш–фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ, ба роҳ мондани даврҳои омӯзишӣ, таъсиси коргоҳҳои ҳунармандию истеҳсолӣ ва дӯзандагӣ корҳои назаррас анҷом дода шуд. Айни ҳол дар шаҳр 11 коргоҳи ҳунармандӣ 4 коргоҳи дузандагӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ ва 2 маркази рушди малакаҳо фаъолият менамояд.

«Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун барои таъмини иҷрои мақсадноки марҳилаҳои минбаъдаи барнома дар асоси ҳамкорию ҳамоҳангсозӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар ин самт ва дигар шарикон тадбирҳои судманд меандешад»,–таъкид намуд Баҳром Шарафзода.

Ёдовар мешавем, ки «Барномаи рушди минтақаи сайёҳии Роғун барои солҳои 2024-2028» ба амалисозии дурнамои рушди сайёҳӣ, зиёд намудани воридшавии шумораи сайёҳон, афзоиши саҳми даромадҳо аз ин ҳисоб ба иқтисодиёти шаҳр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рафъи монеа ва мушкилоти соҳа нигаронида шудааст.

Барнома масъалаҳои истифодаи самараноки имкониятҳо барои рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар ҳудуди шаҳри Роғун, беҳтар намудани сифати хизматрасонии сайёҳӣ, таҳияи маҳсулоти нави сайёҳӣ ва хатсайрҳои он, муайян ва ҷорӣ намудани хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар ҳудуди шаҳр, омода кардани кадрҳои баландихтисоси соҳа, табодули таҷрибаи масъулини соҳа, ташкили сафарҳои омӯзишӣ ва кории хизматчиёни давлатии соҳаи сайёҳӣ, гузарондани омӯзишҳо барои ҳайати хизматрасонии тарабхонаҳо, осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо ва кормандони соҳаи сайёҳӣ, таҳияи лоиҳаҳои инфрасохтори сайёҳӣ дар мавзеъҳои сайёҳии ҳудуди шаҳри Роғунро ба танзим медарорад.

Барнома яке аз механизмҳои асосии татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, имкониятҳои воқеии марбут ба ҳалли мушкилоти бахши сайёҳӣ дар ҳудуди шаҳри Роғунро, ки минтақаи сайёҳии дохилӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, таъмин месозад.

Моҳинави НАВРӮЗ, АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"