Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсон мулоқот намуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф

ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо Президенти Шурои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид Сидҳарто Реза Сурёдипуро мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи Шурои ҳуқуқи инсон, раванди баррасии масъалаҳои афзалиятнок ва тақвияти ҳамкорӣ дар доираи сохторҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид табодули афкор анҷом доданд.

Дар ин замина ба ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус чорабиниҳои дар доираи иҷлосияҳои Шурои ҳуқуқи инсон дар соли 2026 баргузорнамудаи мамлакат  баҳои баланд дода шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Источник: АМИТ "Ховар"