Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2026 дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таҳти роҳбарии Игор Суров ду бозии дӯстона баргузор мекунад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, ҳарифони футболбозони тоҷик ҳамсолонашон аз Қатар хоҳанд буд. Вохӯриҳо 24 ва 27 октябр дар шаҳри Давҳа баргузор мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми ҷаҳон-2026, ки дар Қатар баргузор мешавад, дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои Куба (20 ноябр), Хорватия (23 ноябр) ва Сенегал (26 ноябр) вомехӯрад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"