Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бағдод вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ Зубайдулло Зубайдзода бо мудири кулли Ширкати давлатии фурӯши нафти Ироқ (SOMO) Алӣ Низор
ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бағдод вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ Зубайдулло Зубайдзода бо мудири кулли Ширкати давлатии фурӯши нафти Ироқ (SOMO) Алӣ Низор Фоиқ Ал-Шатрӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон хабар доданд, зимни вохӯрӣ масъалаҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Ироқ дар самтҳои иқтисод, тиҷорат ва нафту энергетика мавриди баррасӣ қарор гирифта, доир ба роҳҳои тавсеаи ҳамкории дуҷониба табодули афкор доир шуд.
Ҷонибҳо имконоти рушди робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодиро байни ду мамлакат, аз ҷумла таҳкими ҳамкорӣ байни сохторҳои соҳавӣ ва ба роҳ мондани тамосҳои мустақим байни ширкатҳо ва намояндагони доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Ироқро баррасӣ карданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои идомаи робитаи корӣ ва мусоидат ба тавсеаи ҳамкории Тоҷикистону Ироқ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат ва нафту энергетика изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон