Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа нақши муҳим дошта, заминаи асосии ташаккули давлати ҳуқуқбунёд, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Ин санад барои ҳар шаҳрванд меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд.
– Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, дар таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Қабули ин санади тақдирсоз барои таҳкими истиқлоли давлатӣ, барқарорсозии сулҳу субот, ташаккули низоми нави давлатдорӣ ва муайян намудани самтҳои асосии рушди минбаъдаи давлат заминаи устувор гузошт.
Бо шарофати қабули Конститутсия Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро пеш гирифт. Дар ин санади олии ҳуқуқӣ арзишҳои волои инсонӣ, аз ҷумла ҳуқуқ ба зиндагӣ, озодӣ, баробарӣ дар назди қонун, ҳифзи моликият, дастрасӣ ба адолати судӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд таҷассум ёфтаанд.
Маҳз Конститутсия муайян менамояд, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ин меъёр барои фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти судӣ ва мақомоти иҷрои санадҳои судӣ аҳамияти калидӣ дорад. Зеро ҳадафи асосии фаъолияти онҳо таъмини риояи қонун, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва барқарор намудани адолат дар ҷомеа мебошад.
Яке аз принсипҳои асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон волоияти қонун мебошад. Моддаи 10 Конститутсия муқаррар менамояд, ки Конститутсия эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Ин талабот маънои онро дорад, ки тамоми мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон вазифадоранд фаъолияти худро дар асоси Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи мамлакат ба роҳ монанд.
Дар ин раванд фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти судӣ ва мақомоти иҷрои санадҳои судӣ мавқеи махсус дорад. Агар қабули санади судӣ марҳилаи муҳими барқарор намудани ҳуқуқи поймолшуда бошад, иҷрои воқеии он имконият медиҳад, ки адолати барқароршуда дар амал татбиқ гардад. Аз ин рӯ иҷрои санадҳои судӣ яке аз унсурҳои муҳими таъмини волоияти қонун ва таҳкими эътимоди шаҳрвандон ба низоми ҳуқуқии давлат мебошад.
Дар низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷрои санадҳои судӣ дар таъмини амалишавии қарорҳои судӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷро нақши муҳим доранд. Фаъолияти судиҷрочиён ба он равона гардидааст, ки талаботи дар санадҳои судӣ пешбинишуда тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун амалӣ гардида, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳифз карда шаванд.
Барои судиҷрочӣ донистан ва риоя намудани меъёрҳои Конститутсия асоси фаъолияти ҳаррӯзаи касбӣ мебошад. Ҳангоми иҷрои санадҳои судӣ судиҷрочӣ бояд қонуният, адолат, эҳтироми шаъну шарафи инсон, баробарии шаҳрвандон дар назди қонун ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳоро ба роҳбарӣ гирад.
Дар моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баробарии ҳама дар назди қонун ва суд муқаррар гардидааст. Ин меъёри конститутсионӣ барои фаъолияти ҳама мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти иҷрои санадҳои судӣ аҳамияти муҳим дорад.
Дар фаъолияти ҳаррӯзаи судиҷрочиён зарур аст, ки ба шаҳрвандон, новобаста аз вазъи иҷтимоӣ, молиявӣ, мансубияти миллӣ, забон ва дигар ҳолатҳо муносибати баробар ва одилона зоҳир карда шавад. Ҳар муроҷиати шаҳрванд бояд дар доираи талаботи қонун баррасӣ гардида, ҳуқуқу манфиатҳои қонунии ӯ ҳифз карда шаванд.
Моддаи 19 Конститутсия ҳуқуқи ҳар касро ба ҳифзи судӣ кафолат медиҳад. Ин кафолати конститутсионӣ бо иҷрои воқеии санадҳои судӣ робитаи ногусастанӣ дорад. Зеро ҳифзи судӣ дар ҳолате самаранок мегардад, ки қарорҳои қабулнамудаи судҳо низ дар амал иҷро шаванд.
Риояи Конститутсия ва қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон, ҳифзи Ватан ва саҳм гузоштан дар пешрафти ҷомеа аз ҷумлаи уҳдадориҳои муҳими ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошанд.
Дар ин замина баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ яке аз омилҳои муҳими таҳкими қонуният ба ҳисоб меравад. Шаҳрванд бояд ҳуқуқу уҳдадориҳои худро донад, ба талаботи қонун эҳтиром гузорад ва дар муносибатҳои ҳуқуқӣ масъулиятшинос бошад.
Дар шароити рушди ҷомеаи муосир ва афзоиши муносибатҳои ҳуқуқӣ баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи касбии кормандони мақомоти иҷро низ аҳаммияти хос дорад. Омӯзиши пайвастаи қонунгузорӣ, истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ ва такмили малакаҳои касбӣ барои таъмини самаранокии фаъолияти мақомоти иҷро заминаи мусоид фароҳам меорад.
Исмоил ЭМОМЗОДА, сардори шуъбаи Хадамоти иҷро дар шаҳри Ваҳдат
АКС: АМИТ «Ховар»