Дар Бадахшон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 28.09.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду навсозии 1362 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. То имрӯз аз ҷониби аҳолӣ, соҳибкорон ва

ДУШАНБЕ, 28.09.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёду навсозии 1362 иншоот ба нақша гирифта шуда буд. То имрӯз аз ҷониби аҳолӣ, соҳибкорон ва дигар шахсони саховатпеша 1545 иншооти таъйиноти гуногун сохта, ба истифода дода шудааст, ки аз нақшаи тасдиқшуда хеле зиёд аст. Бинобар ин, мехоҳам ба мардуми ватандӯсту заҳматкаш ва шахсони саховатпешаву хайрхоҳи вилоят, аз ҷумла шаҳри Хоруғ миннатдории самимӣ изҳор намоям. Чунин баён намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 сентябр зимни суханронӣ дар Врзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ.

Ёдовар мешавем, ки танҳо зимни сафараи корӣ 27 сентябри соли равон дар шаҳри Хоруғ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 90 иншооти таъиноти гуногунро, ки ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд ёфтаанд, ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.

Аз ҷумла, дар шаҳри Хоруғ 8 иншоот, аз қабили корхонаи коркард ва басту банди партовҳои сахти маишии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Атрофи тоза» бо 10 ҷои корӣ, корхонаи коркарди гиёҳҳои шифобахши «Панасея» бо 6 ҷои кории доимӣ ва 80 мавсимӣ, корхонаи бетони ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сомони давр» бо 10 ҷои корӣ, кӯдакистони хусусии «Ширинҷон» барои 100 таълимгиранда, кӯдакистони хусусии «Дилноза» барои 60 кӯдак бо 6 ҷои корӣ, муассисаи таҳсилоти томактабии «Рисолат» барои 60 кӯдак бо 12 ҷои корӣ ва Маҷмааи муосири варзишӣ бо 20 ҷои корӣ ифтитоҳ гардида, 6 лоиҳаи роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию ҷумҳуриявӣ, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бунёд, навсозӣ ва мумфарш мегарданд, муаррифӣ карда шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"