Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд

АМИТ "Ховар" ·

Доир ба нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд

ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.

ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Нақши Мавлоно дар ташаккули фарҳанги сулҳ» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.

Конференсия бо ташаббуси Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови академия ба муносибати Рӯзи Мавлоно ва солҳои 2027–2036 «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» доир шуд.

Дар конференсия олимону муҳаққиқон, намояндагони муассисаҳои илмӣ, омӯзгорон ва аҳли фарҳанг масъалаҳои муҳими марбут ба мероси фалсафию ахлоқии Мавлоно, идеяҳои сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, инсондӯстӣ ва нақши осори ӯ дар тарбияи маънавии наслҳои имрӯзро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Иброз гардид, ки андешаҳои созанда ва сулҳҷӯёнаи Мавлоно ҳамчун ҷузъи арзишманди тамаддуни тоҷикон дар таҳкими фарҳанги сулҳ ва муколамаи байнифарҳангӣ аҳаммияти хос доранд. Мавлоно бо қудрати сухан ва умқи андеша нишон дод, ки роҳи сулҳ аз таҳаммул, маърифат, худшиносӣ ва эҳтироми инсон оғоз меёбад. Аз ин рӯ, омӯзиши мероси ӯ на танҳо бозгашт ба гузаштаи пурғановати маънавӣ, балки дарёфти паёмҳои созанда барои имрӯз ва фардои ҷомеа мебошад.

Зимни ҳамоиш аз ҷониби олимону муҳаққиқон дар мавзуъҳои «Масъалаҳои ҷанг ва сулҳ дар таълимоти Мавлоно», «Шуҳрати Мавлоно дар Узбекистон», «Фалсафаи сулҳ ва мадоро дар пешниҳоди Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ», «Ҷойгоҳи зан аз дидгоҳи Мавлоно» ва ғайра маърузаҳои илмӣ пешниҳод гардиданд.

Баргузории чунин ҳамоишҳои илмӣ барои омӯзиши амиқи мероси фалсафию адабии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, таҳкими муҳити илмӣ, густариши таҳқиқоти фалсафӣ ва муаррифии аҳаммияти идеяҳои сулҳҷӯёнаи ӯ барои наслҳои имрӯз ва оянда заминаи муҳим фароҳам меорад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"