Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зеристгоҳи нави 110 кВ-и «Чубек» ба истифода дода шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон зеристгоҳи нави барқии 110/35/10 кВ—и «Чубек» ба истифода дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати
ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон зеристгоҳи нави барқии 110/35/10 кВ — и «Чубек» ба истифода дода шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ва зорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон .
Иншооти мазкур аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои интиқоли барқ» бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардид. Он аввалин зеристгоҳи барқии 110 кВ дар ҳудуди ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мебошад.
Зеристгоҳи нави «Чубек» бо мақсади таҳкими инфрасохтори энергетикии ноҳия, баланд бардоштани эътимоднокии шабакаҳои барқ ва таъмини устувору босифати аҳолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ, иншооти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ бо неруи барқ бунёд гардидааст. Барои пайваст намудани зеристгоҳ ба низоми ягонаи энергетикии ҷумҳурӣ аз зеристгоҳи барқии 110/35/6 кВ-и «Кӯлобдарё» -и ноҳияи Восеъ хати нави интиқоли барқи 110 кВ ба масофаи 14,5 километр кашида шуд.
Роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ зимни боздид бо таҷҳизоти насбшуда, низоми идоракунӣ ва ҳифзи зеристгоҳ инчунин бо омодагии иншоот барои фаъолияти устувор шинос шуд. Таъкид гардид, ки мавриди истифода қарор гирифтани зеристгоҳи мазкур барои тақвияти иқтидори шабакаҳои барқии ноҳия заминаи мусоид фароҳам оварда, имкон медиҳад сарбории зеристгоҳҳои амалкунанда коҳиш дода шавад. Ҳамзамон эътимоднокӣ ва сифати таъминоти неруи барқ барои аҳолӣ ва соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳия ба таври назаррас беҳтар мегардад.
Бунёди иншооти мазкур дар баробари тақвияти инфрасохтори энергетикӣ ба рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, таъсиси иқтидори нави истеҳсолӣ ва қонеъ намудани талаботи рӯзафзуни ноҳия бо неруи барқ мусоидат мекунад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон