Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 07.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Иқтидор, дастовардҳои илмӣ ва барномаҳои муосири таҳсилотии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «WTM London – 2026», ки дар шаҳри Лондони Британияи Кабир баргузор шуд, муаррифӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «WTM London – 2026» дар ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд. Дар доираи ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ имконият ва иқтидори ғании сайёҳии кишвар, инчунин дастовардҳо ва барномаҳои муосири таҳсилотии донишгоҳ ба мутахассисон, дӯстдорони сайру саёҳат ва шарикони хориҷӣ муаррифӣ карда шуданд.​

Иштироки роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар намоишгоҳи WTM London — 2026 барои муаррифии ҳамаҷонибаи бренди сайёҳӣ ва академии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ, таҳкими имиҷи сайёҳии кишвар, густариши ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва сайёҳӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва ба роҳ мондани робитаҳои мустақими илмиву амалӣ бо созмонҳо ва ширкатҳои пешрафтаи хориҷӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"