Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҷидда Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ Акрам Каримӣ бо Дабири

ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ҷидда Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ Акрам Каримӣ бо Дабири кулли тозаинтихоби Созмони ҳамкории исломӣ Исмоил валад Шайх Аҳмад мулоқот анҷом дод.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ, ниҳодҳои зерсохтории он ва роҳҳои таҳкими фаъолияти муштарак дар доираи ин созмон баррасӣ карда шуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ

Источник: АМИТ "Ховар"