Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд

АМИТ "Ховар" ·

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқо…

ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 12 ноябр дар шаҳри Москва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқоти корӣ анҷом доданд.

Дар оғози суҳбат, Сарвари давлати мо натиҷаҳои раёсати Федератсияи Русия дар СААД-ро баланд арзёбӣ карданд.

Дар рафти гуфтугӯи пурмуҳтаво ва созанда, ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимоди комил баррасӣ карданд.

Сатҳи баланди муколамаи сиёсӣ бо ишораи хос ба аҳамияти татбиқи пайвастаи мувофиқаҳои дуҷонибаи қаблан бадастомада таъкид гардид.

Мубодилаи судманди афкор оид ба таъмини амният ва субот дар минтақа сурат гирифт.

Алоқамандии ҳарду ҷониб ба густариши робитаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва гуногунҷанба сохтани сохтори гардиши молу маҳсулот тасдиқ карда шуд.

Ҷонибҳо зарфиятҳои фаровони чунин ҳамкориро дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва инфрасохтори нақлиётию логистикӣ ва коммуналӣ таъкид намуданд.

Имкониятҳои нави рушди ҳамкорӣ дар самтҳои рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, хизматрасониҳои электронии давлатӣ ва амнияти киберӣ таъкид гардид.

Дар бахшҳои гуманитарӣ ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Дастгирии минбаъдаи мубодилаи фарҳангӣ, маорифӣ ва академӣ баррасӣ шуд. Ҷанбаҳои мушаххаси ҳамкорӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ гардиданд.

Мубодилаи афкор, ҳамчунин, оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.

Источник: АМИТ "Ховар"