Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 09.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ ва таъмини рушди устувори мамлакат» ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, дар ҳамоиш саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи арзишҳои миллӣ, ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, барқарорсозии иқтисоди мамлакат ва татбиқи ҳадафҳои стратегӣ мавриди таҳлилу арзёбии илмӣ қарор гирифт.
Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода иброз дошт, ки «дар марҳалаи ҳассосу тақдирсози таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол иродаи устувори сиёсӣ, азму ҷасорат ва сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи якпорчагии мамлакат, эҳёи давлатдории миллӣ ва сарҷамъ намудани мардуми Тоҷикистон нақши ҳалкунанда гузошт. Таҳти роҳбарии Сарвари давлат таҳкими асосҳои конститутсионии давлатдорӣ, рушди иқтисоди миллӣ, пешрафти илму маориф ва болоравии нуфузи байналмилалии Тоҷикистон таъмин гардид».
Дар ҳамоиш ходимони давлатӣ, собиқадорони меҳнат ва иштирокчиёни Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Раҳмонова ва Ғайбулло Авзалов доир ба аҳаммияти таърихии иҷлосияи тақдирсоз ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии ҳокимияти давлатӣ, расидан ба сулҳу оштии миллӣ ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ андешаронӣ карданд.
Иштирокчиён таъкид намуданд, ки омӯзиши таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат дар шинохти роҳи таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол, дарки арзиши сулҳу ваҳдати миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва садоқат ба Ватан аҳаммияти хосса дорад.
АКС: Донишгоҳи миллии Тоҷикистон