Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 26.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин хусус
ДУШАНБЕ, 2 6 .10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ хабар медиҳад.
Ёддошти тафоҳум зимни баргузории Форуми 12-уми байналмилалии ҳамкории маориф дар доираи ташаббуси «Як камарбанд – як роҳ» дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин аз ҷониби муовини якуми директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ Тоҷиддини Баҳриддин ва раиси ширкати «Beijing Yude» Ю Дэзин ба имзо расонида шуд.
Ҳадафи асосӣ аз имзои санади мазкур рушди ҳамкории дарозмуддати Тоҷикистону Чин дар соҳаи маориф, тавсеаи робитаҳои байни муассисаҳои таълимӣ ва густариши мубодилаи академӣ мебошад. Ҳамчунин фароҳам овардани имкониятҳои таҳсил барои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Чин дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва докторантура, омӯзиши забони чинӣ, такмили ихтисос, сафарҳои илмӣ ва мубодилаи фарҳангӣ пешбинӣ шудаанд.
Таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ, рушди ҳамкории байнидонишгоҳӣ, таъсиси озмоишгоҳҳо ва муассисаҳои таълимии муштарак бо риояи расмиёти дахлдор ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат низ аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ ба шумор мераванд.
Баимзорасии ёддошт қадами муҳим дар таҳкими ҳамкории Тоҷикистону Чин, табодули таҷрибаи пешқадам ва фароҳам овардани имкониятҳои нави таълимӣ ва илмӣ барои ҷавонони ду давлат мебошад.
АКС: Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон