Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои густариши ҳамкории минтақавӣ дар самти технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ, ки 2-3 ноябр дар шаҳри Алматои Қазоқистон баргузор шуд, таъкид гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ҷаласаи «Сармоягузорӣ ба пешрафти технологӣ, зеҳни сунъӣ ва пайвастагии рақамӣ», ки дар доираи Форуми дуюми Тян-Шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ доир шуд, Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо сухан намуд. Хуршед Мирзо доир ба «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» (2025–2030), «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ то соли 2040», маҷмааи IT-Hub Dushanbe, долони рақамии Тоҷикистон – Чин ва платформаи миллии «Биниши рақамӣ» маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Ҳамзамон се самти афзалиятноки ҳамкории минтақавӣ, аз ҷумла ба роҳ мондани тиҷорати фаромарзӣ бо ҳуҷҷатҳои электронӣ, ташкили таҷрибаомӯзии муштарак барои ҷавонон ва истифодаи иқтидори ҳисоббарории «сабз»-и Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои минтақа пешниҳод гардид.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"