Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд

АМИТ "Ховар" ·

Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи ин…

ДУШАНБЕ, 07.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр дар Қасри миллатҳои Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женева бо ташаббуси Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева таҳти унвони «Дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ: аз Конститутсия ва ҳамкорӣ бо СММ то «Стратегияи миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038»» чорабинии канории сатҳи баланд баргузор гардид .

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, чорабинии мазкур дар доираи иҷлосияи 53-юми Гурӯҳи кории Шарҳи универсалии даврии Шурои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид доир гардида, ба муаррифии дастовардҳо ва таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон дар даврони истиқлол бахшида шуд.

Дар оғози чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода доир ба ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид, ба хусус дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои инсон суханронӣ кард. Таъкид гардид, ки ҳамкории Тоҷикистон бо сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла Шурои ҳуқуқи инсон, расмиёти махсус ва мақомоти шартномавии он, дар такмили низоми миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии кишвар аҳаммияти муҳим дорад.

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён ба нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули низоми миллии ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва раванди ислоҳоти низоми ҳуқуқи инсон таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Ҳамзамон ӯ доир ба «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038», ҳадафҳо ва самтҳои асосии татбиқи он, аз ҷумла таҳкими кафолатҳои қонунгузорӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ, беҳтар намудани дастрасӣ ба адолати судӣ ва такмили механизмҳои миллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон маълумот пешниҳод кард.

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода ба масъалаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, марҳилаҳои асосии такмилу татбиқи он дар даврони истиқлол ва нақши он дар рушди давлатдории миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Мавсуф аҳаммияти Конститутсияро ҳамчун заминаи асосии ҳуқуқии ташаккули давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин асоси рушди минбаъдаи низоми қонунгузории кишвар таъкид кард.

Таъкид гардид, ки баргузории чунин чорабиниҳо барои муаррифии таҷрибаи миллӣ, таҳкими эътимоду ҳамдигарфаҳмӣ байни давлатҳо, табодули таҷрибаи пешқадам ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Источник: АМИТ "Ховар"