Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 октябр мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар бо иҷрокунандаи вазифаи роҳбари Дафтари барномаҳои Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар Душанбе Фейзо Нуманай баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор намуда, инчунин раванди татбиқи мувофиқаҳои қаблан бадастомадаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"