Дар Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ доир шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои
ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Туркманбошии Туркманистон ҷаласаи 95-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷаласа сардори Сарраёсати сиёсати энергетика ва захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Абдуразоқзода, вазири захираҳои об ва обёрии Қазоқистон Нуржан Нуржигитов, раиси Кумитаи давлатии хоҷагии оби Туркманистон Дурдӣ Генҷиев ва вазири хоҷагии оби Узбекистон Шавкат Ҳамраев иштирок намуданд.
Дар ҷаласа натиҷаҳои обгирӣ, реҷаи кори силсилаобанборҳо дар давраи нашъунамои соли 2026 дар ҳавзаҳои дарёҳои Сир ва Аму, масъалаҳои тасдиқи ҳаҷмҳои иҷозатдодашудаи обгирии кишварҳо ва реҷаи пешбинишудаи кори силсилаи обанборҳо барои давраи байни мавсимҳои нашъунамои солҳои 2026-2027, иҷрои пешниҳодҳо ва ташаббусҳои сарварони давлатҳои таъсисдиҳандаи Фонди байналмилалии наҷоти Арал баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон ба масъалаҳои такмили баҳисобгирӣ ва мониторинги захираҳои об таваҷҷуҳи махсус зоҳир шуд. Дар ин замина ҷонибҳо барои баргузории ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи нақшаи амалӣ намудани низоми худкори баҳисобгирии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Сир ба мувофиқа расиданд.
Ҷаласаи навбатии 96-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии обии Осиёи Марказӣ дар семоҳаи якуми соли 2027 дар Узбекистон баргузор мегардад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон