Тоҷикистон ва Ҷопон бунёди пули нав аз болои дарёи Кофарниҳонро баррасӣ намуданд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунии робитаҳои Тоҷикистон ва Ҷопон дар соҳаи роҳу нақлиёт ва дурнамои  ҳамкорӣ дар ин самт  зимни мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунии робитаҳои Тоҷикистон ва Ҷопон дар соҳаи роҳу нақлиёт ва дурнамои  ҳамкорӣ дар ин самт  зимни мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон, хонум Кейко Фурута дар шаҳри Душанбе  баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар мулоқот гуфта шуд, ки  Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамчун ду кишвари дӯст ҳамкории судмандро дар соҳаҳои гуногун, ба хусус дар соҳаи роҳу нақлиёт ба роҳ мондаанд. Давоми чоряк аср бо дастгирии Ҳукумати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 35 лоиҳаи хурду бузург амалӣ гардидааст. Аз ҷумла, 12 лоиҳа тавассути Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) оид ба сохтмон ва ташхиси техникии роҳу пулҳо, харидории техникаи нигоҳдории роҳҳо ва пешниҳоди бурсияҳои омӯзишӣ барои кормандони соҳа амалӣ шудаанд.

Яке аз масъалаҳое, ки Вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Сафири Ҷопон дар ҷараёни мулоқот баррасӣ намуданд, лоиҳаи сохтмони пули нав аз болои дарёи Кофарниҳон дар километри 19+800-и роҳи автомобилгарди «Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Қулма» буд.  Лоиҳа бо дастгирии молиявии JICA татбиқ карда мешавад. Дар айни замон асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи мазкур аз ҷониби ширкати муҳандисию машваратии ҷопонии «СиТиАйИ» (CTII) дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор дорад.

«Ҳарчанд ки пули мазкур дар даромадгоҳи шаҳри Ваҳдат мавриди истифода қарор дорад, шумораи хатҳои ҳаракат ва ҳолати техникии он ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест. Азбаски пул дар роҳи автомобилгарди байналмилалӣ ҷойгир аст, ҳарчи зудтар оғоз намудани лоиҳакашӣ ва сохтмони он ба манфиати ҳам Тоҷикистон ва ҳам кишварҳои дигари минтақа хоҳад буд»,-иброз дошт Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим.

Сафири Ҷопон Кейко Фурута гуфт, ки ҷониби Ҷопон низ ба татбиқи ин лоиҳа ҳавасманд буда, онро марҳила ба марҳила амалӣ менамояд. Ҷонибҳо натиҷаҳои фаъолияти худро дар ин самт мусбат арзёбӣ намуда, барои боз ҳам тақвият бахшидани ҳамкорӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"