Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид

АМИТ "Ховар" · · g625144

Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 30.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдори доимии кишварҳои иштирокдори Иттиҳоди давлатҳои Мустақил дар назди мақомоти оиномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод баргузор гардид, ки дар кори он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, Намояндаи ваколатдори доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди мақомоти оиномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод Бахтовар Сафарзода иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд, дар рафти нишаст оид ба натиҷаи ҷаласаҳои Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди давлатҳои Мустақил, ки 7-9 октября соли равон дар минтақаи миллии сайёҳии Авазаи Туркманистон баргузор шуданд, маълумот пешниҳод гардид.

Дар нишаст таъкид гардид, ки ҷиҳати таъмини иҷрои санадҳои қабулгардида ва татбиқи тавофуқоти ҳосилшуда дар ҷаласаҳои Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва Шурои вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди давлатҳои Мустақил тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус

Источник: АМИТ "Ховар"