Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 октябр, соати 10:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Озмун аз рӯйи ҳашт номинатсия — математика, физика ва астрономия, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, ихтироъкорӣ ва навоварӣ — дар чор давр баргузор гардида, дар даври сеюми он 4 ҳазору 482 довталаб иштирок намуда, аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбаст 700 ғолиб ба даври чоруми озмун роҳхат гирифтанд.

Аз ин шумора 244 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 223 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии типи нав, 184 нафар донишҷӯ ва 49 нафар намояндагони касбу кори гуногун мебошанд.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» бо таваҷҷуҳ ва сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, дар рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорию навоварӣ, рушди зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ, инчунин таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот нақши муҳим дорад.

Баргузории озмун давоми солҳои сипаригашта барои баланд бардоштани таваҷҷуҳи наврасону ҷавонон ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, дарёфт ва тарбияи истеъдодҳои нав ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои техникиву технологӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст.

Ёдовар мешавем, ки соли шашум аст дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор мешавад. Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирокчиёни даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» имтиёзи махсус пешбинӣ шудааст. Тибқи он хонандагони синфи 11-ум бе озмун ва ройгон ба ихтисосҳои фанҳои дақиқу табиатшиносӣ ва техникии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат қабул карда мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"