Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Акдемияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони
ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд .
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, пас аз ифтитоҳи Академия Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар фестивали футболи кӯдакона иштирок намуданд, ки дар он футболбозони наврас маҳорати худро намоиш дода, шоҳиди як чорабинии ҷолиби футболӣ гардиданд.
Ҳамчунин, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо инфрасохтори маҷмааи нави варзишӣ ва шароите, ки барои омодасозии футболбозони ҷавон фароҳам оварда шудааст, шинос шуданд.
Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшондар Дарвоз дорои ду майдони футбол бо алафи сунъӣ – болопӯшида ва кушода мебошад, ки барои баргузории тамринҳо ва машғулиятҳо дар шароити гуногуни обу ҳаво имкон фароҳам меорад.
Дар ҳудуди маҷмаа ҳамчунин бинои маъмурӣ бунёд гардидааст, ки дар он маҷмааи истиқоматӣ барои будубоши тарбиятгирандагон, ошхона ва толори варзишӣ пешбинӣ шудаанд.
Ифтитоҳи Академияи футбол қадами муҳим дар рушди футболи кӯдакону наврасон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳисоб меравад. Бунёди инфрасохтори муосири варзишӣ ба футболбозони ҷавон имкон медиҳад, ки маҳорати худро такмил дода, сатҳи омодагиашонро баланд бардоранд ва иқтидори варзишии худро боз ҳам рушд диҳанд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон