Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 32-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҳамоиш Вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихи навини давлатдории тоҷикон арзёбӣ намуд. Ҳамзамон аз нақши Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ёдоварӣ карда шуд.
Муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Конститутсия ба шаҳрвандон имкон дод, то бо пешниҳоди андешаҳояшон дар таҳияи Қонуни асосӣ саҳм гузоранд. Конститутсия инсонро дар маркази сиёсати давлатӣ қарор додааст. Мувофиқи моддаи 5, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ арзиши олӣ эътироф гардида, давлат вазифадор аст онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз намояд.
Инчунин дар ҳамоиш ба аҳамияти амалии меъёрҳои Конститутсия барои соҳаҳои энергетика ва захираҳои об таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, муҳимияти омӯзиши амалии Конститутсия ва қонунгузории соҳавӣ, ба хусус барои мутахассисони ҷавон таъкид карда шуд.
Иштирокдорони ҳамоиш доир ба нақши Конститутсия дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа сухан намуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон