Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд

АМИТ "Ховар" · · g1221874

Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам и Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози В илояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастго ҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ нахуст дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз аз Хоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Тоҷ-Корея» дидан намуданд.

Масоҳати умумии замини хоҷагӣ бо озмоишгоҳ зиёда аз 3 гектарро ташкил дода, иқтидори лоиҳавии он дар марҳилаи аввал истеҳсоли 200 тонна гӯшти моҳӣ дар як сол мебошад. Ҳавзҳои калони хоҷагӣ ҳоло қариб 100 ҳазор моҳӣ доранд. Озмоишгоҳи хоҷагӣ бо навтарин таҷҳизоту технологияи истеҳсоли Ҷумҳурии Корея таъмин буда, раванди тухммонӣ ва вазнгирии моҳичаҳо тавассути 30 ҳавзи даврашакл идора мешавад.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ аснои шиносоӣ бо шароити озмоишгоҳ ба кори кормандон ва муассисони хоҷагӣ баҳои баланд доданд.

АКС: Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе

Источник: АМИТ "Ховар"