Дар Душанбе оид ба нақши занони мақомоти гумрук дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва хизмати давлатӣ ҳамоиш доир шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар татбиқи сиёсати давлатии дастгирии занон, таҳкими арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ ва тарбияи насли

ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар татбиқи сиёсати давлатии дастгирии занон, таҳкими арзишҳои миллӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ ва тарбияи насли ҷавон саҳми назаррас мегузоранд. Чунин гуфта шуд дар ҳамоише, ки дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани нақши занон дар хизмати давлатӣ ва тақвияти худшиносиву худогоҳии миллӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Иброз гардид, ки бо мақсади татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ (2026) дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо таҳия гардидааст. Дар доираи он ба масъалаҳои баланд бардоштани маърифати кормандон, таҳкими ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва такмили малакаҳои хизматӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.

Таъкид шуд, ки дар шароити имрӯза баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳтиром ба таъриху фарҳанг ва арҷгузорӣ ба арзишҳои оилавию миллӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳими ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Дар ин самт нақши занони фаъол дар хизмати давлатӣ муҳим арзёбӣ мешавад. Зеро занон дар тарбияи фарзанд, ташаккули муҳити маънавии оила ва ба насли наврас интиқол додани арзишҳои миллӣ нақши муассир доранд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"