КОНСТИТУТСИЯ-ТАҲКУРСИИ УСТУВОР ВА САНАДИ БУНЁДГУЗОР. Он дар таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим дорад
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсияи Тоҷикистон чун таҳкурсии устувор ва санади бунёдгузор дар таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим дорад. 6 ноябри соли 2026 мардуми сарбаланди тоҷикро боз ҷашни бузург- ҷашни қабули аввалин Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ ва ҷашни бахтномаи миллат интизор аст. Имсол аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 сол сипарӣ мегардад. Дар ин маврид андешаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода манзури хонандагон мегардад.
–Оид ба аҳамияти таърихии ин санади тақдирсоз борҳо олимону мутаффакирони соҳа ибрози ақида намудаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 20-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда буданд, ки « аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таҳмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таҳрихӣ дорад. Конститутсияи мамлакат, ки таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва ичтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт ».
Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи нисбатан душвор барои Тоҷикистон қабул гардид. Аммо ба ҳамаи ин душвориҳо нигоҳ накарда, ба ҳукумати мамлакат зери роҳбарӣ ва ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки на танҳо Конститутсияи давраи гузариш, балки санади заминавии ҳуқуқиеро, ки инкишофи босуръати сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистонро таъмин мекард ва то кунун таъмин менамояд, таҳия ва қабул намояд. Яъне, маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо ба сифати санади олии ҳуқуқӣ барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзии мамлакат ва ниҳоят ба ягонагии давлат таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё намуда, роҳро барои сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва ягонагии халқи тоҷик боз намуд.
Албатта, барои Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳар ҳарфи дар ин санади бузург дарҷгардида аҳамияти хосса дорад. Зери ҳар меъёри ин санади муҳими ҳуқуқӣ тақдири садҳо ҳамватанони мо меистад, ки Конститутсия онро ҳифз, дастгирӣ ё уҳдадор менамояд. Маҳз ҳамин Конститутсия аввалин конститутсияе аст, ки мардуми мо бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намудааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти комил дар Конститутсия эълон дошт, ки Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад.
Кафолатнокии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон яке аз нишонаҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд ба шумор меравад. Масоили ҳуқуқи инсон дар маркази Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меистад, ки ин яке аз принсипҳои калидии давлат ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки дар Конститутсияи амалкунанда боби алоҳида (боби дуюм) маҳз ба ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шудааст, ки аз рўи ҳаҷм боби аз ҳама васеъи Конститутсия ба шумор рафта, дар маҷмуъ 34 моддаро дар бар мегирад. Аммо дар дигар моддаҳои Конститутсия низ масъалаҳое, ки ба вазъи ҳуқуқи инсон дахл доранд, зиёданд. Яъне, дар маҷмуъ, муҳтавои асосии Конститутсияи имрӯзаро маҳз ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад.
Яъне, агар аз як ҷониб мавқеи конститутсионии инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ чун арзиши олӣ — асоси давлати ҳуқуқбунёд бошад, аз ҷониби дигар ҳолат ё вазъи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, низоми ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон нишондиҳандаи дараҷаи демократӣ будани давлат ба ҳисоб меравад.
Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Конститутсия консепсияи нави ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар худ дарҷ менамояд, ки мазмуни мухтасараш дар он ифода меёбад, ки инсон минбаъд чун шахсият баррасӣ мешавад. Конститутсия инчунин муқаррар менамояд, ки эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд уҳдадории давлат ба ҳисоб меравад.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон консепсияи «ҳуқуқи табиӣ» — и инсон дарҷ гардидааст, чунки онҳо аз ҷониби давлат ба шаҳрвандон «туҳфа» карда нашуда, балки эътироф карда мешаванд.
Ҳамин тавр, уҳдадориҳои давлат оид ба эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд онро мефаҳмонанд, ки давлат:
— ҳуқуқ ва озодиҳои ҷудонашавандаи инсонро, ки аллакай ба онҳо аз лаҳзаи таваллуд тааллуқ доранд, эътироф менамояд;
— онҳоро риоя менамояд, яъне барои амалишавии ҳуқуқҳои инсон шароит фароҳам меоварад (мисол, давлат барои пешбурди интихоботи озод ва демократӣ ба интихобкунандагон шароит фароҳам меоварад);
— ҳуқуқу озодиҳоро аз ҳама гуна муноқишаю вайронкуниҳо ҳимоя менамояд, бо роҳи муқаррар намудани доираи васеъи кафолат ва амалишавии онҳо дар Конститутсия ва қонунгузорӣ, аз ҷумла намудҳои гуногуни ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои вайронкунии онҳо (мисол, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариро барои ҷиноятҳо бар муқобили ҳуқуқ ва озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд пешбинӣ менамояд).
Иброз гардид, ки ҳангоми таҳияи Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ таҳиягарони он дар қатори дигар санадҳо, инчунин аз санадҳои байналмилалие, ки дар ҷодаи ҳуқуқи инсон қабул гардидаанд, истифода намудаанд. Ин аст, ки дар матни Конститутсия номгӯи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз рӯйи тартиб тавре ҷобаҷогузорӣ шудаанд, ки тартиби он дар эъломияи умумии ҳуқуқи башар аз соли 1948 омадааст.
Низоми ҳифз ва барқарорсозии ҳуқуқҳои вайронгардида, ки дар Тоҷикистон амал менамоянд, аз рӯи самаранокии онҳо аз низоми миллии ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои дар давлатҳои Ғарб мавҷуда, ки солиёни дароз аз ҷониби ҷомеаи ҳуқуқии ҷаҳон куллан эътироф гардидаанд, кам набуда, маҳз аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма гирифта, дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ низ таҷассуми худро ёфтаанд. Ин аст, ки дар байни конститутсияҳои кишварҳои ҷаҳон Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба ҳайси беҳтарин пазируфта шудааст.
Давоми 32 соли амали ин санади бузург ва вобаста ба талаботи ҷомеа, инчунин бо мақсади рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳо ва инкишофи ҳамаҷонибаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар давраҳои гуногун зарурати ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйиру иловаҳо пайдо гардид. Ин буд, ки солҳои 1999, 2003 ва 2016 тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид карда шуданд, ки онҳо ин санади тақдирсозро боз ҳам таҳкиму такмил бахшиданд.
Агар аз як ҷониб тағйиру иловаҳои давоми амали Конститутсия воридгардида, хусусан дар мамлакат пешбинӣ гардидани низоми комилан нави мақоми қонунгузории кишвар, мушаххас гардидани интихоботи Парламенти касбии дупалатагӣ, такмил ёфтани дигар меъёрҳои вобаста ба фаъолияти бевоситаи парламент, бори аввал дар таърихи парламентаризми кишвар таъсис додани парлумони касбии доимамалкунанда –Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар самтҳои гуногун дигаргуниҳои куллӣ ворид карда бошанд, аз ҷониби дигар, хусусияти муҳими тағйиру иловаҳои навбатӣ ба Конститутсия- ин таъмини идомаи раванди демократикунонии ҳаёти ҷомеа мебошад, ки ҷавҳари онро арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ташкил медиҳад.
Тоҷикистон дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ пойдевори устувор ва заминаи боэътимод гузошт. Инсон ҳамчун бузургтарин арзиш ва дорои ҳуқуқу озодиҳои васеи конститутсионӣ шинохта шуд, ки мавҷудияти ин нукта дар матни Қонуни асосии кишвар баёнгари амалан ба ҷомеаи мутамаддини муосир пайвастани Тоҷикистон мебошад.
Хусусан, бо ворид кардани тағйиру иловаҳо дар соли 2003 ва баъдан соли 2016 мазмуну муҳтавои моддаи 14 Конститутсия дар самти амалисозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд боз ҳам такмил ёфт. Ҳуқуқу озодиҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.
Бевосита амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пеш аз ҳама, ба он асос меёбад, ки онҳо дар Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меҳёрии ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд ва иҷрои онҳо кафолат дода мешавад.
Арзишҳои олӣ, ки дар Конститутсия ба сифати рукнҳои бунёдии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон эътироф шудаанд, меҳвари фаъолияти давлат ва мақомоти онро ташкил мекунанд. Аз ҷониби Ҳукумати кишвар барои татбиқи ин арзишҳо пайваста корҳои зарурӣ ба сомон расонида мешаванд. Давоми солҳои сипаришуда ба мо муяссар гардид, ки ин арзишҳои олиро пайваста амалӣ намуда, роҳҳои минбаъдаи рушду такомули онҳоро муайян созем.
Ҳамин тариқ, бо ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ дар мамлакат идома ёфта, барои танзими муносибатҳои сифатан наве, ки ба рушди давлатдории миллӣ алоқамандии бевосита доштанд, заминаи муҳими ҳуқуқӣ гузошта шуд.
Арзиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он муайян мегардад, ки он воситаи асосии меъёрии ҳуқуқии таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Дар қатори дигар афзалият ва ҳадафҳои давлат таъмини манфиати инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он ҳамеша дар мадди аввал меистад ва он дар ҳамин навоварии муҳими Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода мегардад. Зеро дар ягон маврид пештар дар таърихи ватани мо ба ҳуқуқи шахсият афзалият дода намешуд.
Ҳамин тариқ, сию ду соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи он аст, ки ин санади тақдирсози миллат ҷавобгӯи манофеи халқи кишвар буда, барои пешрафту шукуфоии ин сарзамину миллати куҳанбунёд хизмат менамояд.
Пас ҳар яки мо бояд аз рӯйи чунин суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолият намоем: «Вазифаи ҷониву муқаддаси ҳар яки мост, ки ин дастоварди бебаҳои таърихиро тақвият бахшем ва ояндаи дурахшони ватанамонро бо заҳмати содиқонаву софдилона таъмин намуда, ба арзишу меъёрҳои Конститутсия, ки Тоҷикистонро ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ пайвастанд, арҷ гузорем ва дар асоси ин бахтномаи миллат дар роҳи расидан ба иҷрои ҳадафҳои созандаамон кӯшиш намоем».