Ба татбиқи барномаҳои иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи вилояти Суғд ва беҳтар гардонидани шароити зиндагии сокинони он тадбирҳои зиёде амалӣ намуд. Тавре 23 сентябр

ДУШАНБЕ, 24.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Тоҷикистон барои таъмин намудани рушди ҳамаҷонибаи вилояти Суғд ва беҳтар гардонидани шароити зиндагии сокинони он тадбирҳои зиёде амалӣ намуд.

Тавре 23 сентябр дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд баён гардид, дар ин давра танҳо аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои татбиқи барномаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят зиёда аз 40 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Инчунин иброз гардид, ки дар ҳудуди вилоят ба маблағи 11 миллиард сомонӣ беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 24 лоиҳа идома дорад.

Илова бар ин, ба иқтисодиёти вилояти Суғд 117 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 28 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардидааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар »

Источник: АМИТ "Ховар"