Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои инноватсия байни Тоҷикистон ва Миср дар мулоқоти масъулини Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкори мисрӣ, абераи мутафаккири бузурги тоҷик Аҳмади Дониш, раиси ширкати «Smart Villages» ва раиси Шурои директорони ширкати «Silicon Waha» Одил Дониш баррасӣ гардиданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои инноватсия, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ, инчунин имконияти ҷалби сармоя ва татбиқи ташаббусҳои муштарак баррасӣ карда шуданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба табодули таҷриба дар рушди паркҳои технологӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти ширкатҳои IT ва истифодаи таҷрибаи ширкатҳои «Smart Villages» ва «Silicon Waha» дар рушди инфрасохтори рақамӣ зоҳир гардид.
Мулоқот барои баррасии имконоти ҳамкории минбаъда ва густариши робитаҳо бо ширкатҳои технологии Миср замина фароҳам меорад.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон