Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» дар шаҳри Душанбе Форуми «Механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, усули муосири ҷалби сармоя ба иқтисодиёт» баргузор гардид,

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/ . Имрӯз дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» дар шаҳри Душанбе Форуми «Механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, усули муосири ҷалби сармоя ба иқтисодиёт» баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Форум ба майдони муколамаи мустақим байни намояндагони давлат, соҳибкорон, сармоягузорони ватанию хориҷӣ ва шарикони рушд табдил гардид. Дар он масъалаҳои муҳими рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузории кишвар, ҷалби сармоя ва татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодии мамлакат, ба мисли инфрасохтори нақлиётӣ ва роҳсозӣ, энергетика ва саноат, технология ва инноватсия, тандурустӣ ва маориф, ҷалби сармояи венчурӣ барои стартапҳо ва рақамикунонии хизматрасониҳо баррасӣ гардиданд.

Дар форум Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода доир ба ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ ибрози назар намуд.

Гуфта шуд, ки шарикии давлат ва бахши хусусӣ яке аз роҳҳои муҳимми ҷалби сармоя ба рушди инфрасохтор ва таҷрибаи идоракунӣ буда, Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад.

Дар ин замина лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессия ва шарикии давлат ва бахши хусусӣ» таҳия ва пешниҳод шудааст. Дар иртибот ба ин дар оянда рӯйхати лоиҳаҳои афзалиятнок бо асосноккунии ҳамаҷонибаи иқтисодӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, хоҷагии манзилию коммуналӣ, маориф, тандурустӣ ва сайёҳӣ, инчунин дар самти рушди инфрасохтори фурудгоҳҳои байналмилаливу минтақавӣ таҳия карда мешавад.

Татбиқи чунин лоиҳаҳо бояд ба рушди инфрасохтори муосир, баланд бардоштани рақобатнокии иқтисоди миллӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ равона гардад.

Дар Форуми «Механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, усули муосири ҷалби сармоя ба иқтисодиёт» маҷмуи масъалаҳои мавҷудае, ки соҳибкорон ва сармоягузорон дар фаъолияти худ бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, роҳҳои бартараф намудани монеаҳо, такмили механизмҳои дастгирии давлатӣ, сабукиву имтиёзҳо ва тадбирҳои минбаъдаи беҳтар намудани муҳити соҳибкорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» пагоҳ низ идома меёбад.

Марзия САИДЗОДА, АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"