Соҳибкорон аз Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 27.09. 2026 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи соҳибкорон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин минтақа хабар медиҳад,
ДУШАНБЕ, 27.09. 2026 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи соҳибкорон аз Ҷумҳурии Мардумии Чин бо фаъолияти корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шинос шуданд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин минтақа хабар медиҳад, роҳбарияти маъмурияти минтақа ба меҳмонон оид ба имтиёзу имконоти минтақа маълумот пешниҳод намуданд. Соҳибкорон бо фаъолияти ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Азияполитекс» ва «Сайр Суғд» шинос шуда, ба сифати маҳсулоти корхонаҳо баҳои баланд доданд.
Таъкид гардид, ки маъмурияти минтақа барои сармоягузорони хориҷӣ тамоми шароити заруриро фароҳам оварда, омода аст дар татбиқи лоиҳаҳои истеҳсолии нав ҳамкории ҳамаҷониба намояд.
АКС: Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»