Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба
ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои нақши дипломатияи парламентӣ дар таҳкими муколамаи сиёсӣ ва рушди робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаи байнипарламентӣ, инчунин масъалаҳои такмили қонунгузорӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, пешбурди ташаббусҳои глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии дастовардҳои миллӣ дар арсаи байналмилалӣ баррасӣ карда шуданд.
Зимни муҳокима ҳамчунин ба нақши занон дар дипломатияи парламентӣ, рушди ҳамкории байнипарламентӣ, рақамикунонӣ ва ташаккули заминаҳои ҳуқуқии ҷомеаи рақамӣ, инчунин ба аҳамияти тасвиби созишномаҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Иброз шуд, ки дар шароити тағйирёбии босуръати муҳити байналмилалӣ дипломатияи парламентӣ ба яке аз роҳҳои муҳимми рушди муколама, таҳкими эътимод ва густариши ҳамкории байнидавлатӣ табдил ёфтааст.
Парламентҳо тавассути робитаҳои мустақим, гурӯҳҳои дӯстӣ, созмонҳои байналмилалии парламентӣ ва мубодилаи таҷрибаи қонунгузорӣ метавонанд ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байналмилалӣ мусоидат намоянд.
Дар фарҷоми ҳамоиш оид ба такмили фаъолияти байналмилалии Маҷлиси намояндагон ва рушди минбаъдаи дипломатияи парламентӣ пешниҳоду тавсияҳо қабул гардиданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон