Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 03.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 2–3 ноябри соли 2026 дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми дуюми Тян-Шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Таҳкими робитаҳои устувор ва сармоягузориҳои босифат дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, ки дар кори он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар форум намояндагони воломақоми кишварҳои минтақа, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявӣ, бонкҳои бисёрҷонибаи рушд ва бахши хусусӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласаҳои форум масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодию сармоягузорӣ, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ, ҷалби сармояи хусусӣ, рақамикунонии иқтисодиёт ва таҳкими робитаҳои минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар доираи форум муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Қурбонзода дар муҳокимаи панелӣ оид ба ҷалби сармоягузориҳои гуногун ва маблағгузории лоиҳаҳои инфрасохтории минтақавӣ иштирок намуд. Зимни муҳокима масъалаҳои истифодаи воситаҳои муосири маблағгузорӣ, рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ, коҳиш додани хавфҳои сармоягузорӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи лоиҳаҳои муштараки фаромарзӣ баррасӣ гардиданд.
Форум ҳамчун майдони муҳими муколамаи минтақавӣ барои табодули таҷриба, муайян намудани имконияти нави сармоягузорӣ ва таҳкими ҳамкории иқтисодӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва шарикони байналмилалӣ хизмат менамояд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон