Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 октябр дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон дар мавзуи «Рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон: мушкилот ва мулоҳизаҳо» конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни конференсия масъалаҳои таҳкими ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қурбониёни ин ҷиноят, татбиқи принсипи ҷазо надодани қурбониёни савдои одамон барои кирдорҳое, ки дар натиҷаи истисмор ё маҷбуркунӣ содир шудаанд, инчунин таъсиси Фонди давлатии ҷуброн ба қурбониён баррасӣ гардид.
Иштирокчиён доир ба мушкилоти мавҷуда, такмили заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тақвияти ҳамкории сохторҳои дахлдор мубодилаи афкор намуда, аҳамияти андешидани тадбирҳои муштаракро барои пешгирии савдои одамон ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии қурбониёни он таъкид намуданд.
Гуфта шуд, ки муқовимат ба савдои одамон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қурбониёни он аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимми ҷомеаи муосир маҳсуб мешавад. Аз ин рӯ дар ин самт такмили қонунгузорӣ, таҳкими ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти дахлдор ва татбиқи чораҳои муассири пешгирикунанда нақши муҳим доранд.
«Муборизаи самаранок бо савдои одамон ҳамкории пайгирона ва ҳамоҳангшудаи мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар ниҳодҳои дахлдорро тақозо мекунад. Дар баробари ин, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, пешгирии ҳолатҳои савдои одамон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои дастрасии қурбониён ба ҳимояи ҳуқуқӣ ва кумаки иҷтимоӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолият дар ин соҳа ба ҳисоб мераванд»,–таъкид гардид зимни конференсия.
Баргузории чунин ҳамоишҳо барои таҳлили масъалаҳои мубрами соҳа, муайян намудани роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷуда ва таҳкими ҳамкории ниҳодҳои масъул дар самти муқовимат ба савдои одамон заминаи мусоид фароҳам меорад.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон