Дар Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси СҲШ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ доир гардид
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 12.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ баргузор шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба
ДУШАНБЕ, 12.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси Созмони ҳамкории Шанхай /СҲШ/ оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ баргузор шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар ҷаласа масъалаҳои рушди ҳамкории сармоягузорӣ баррасӣ гардида, Протоколи дахлдор ба имзо расид.
Иштирокдорони ҷаласаи 10-уми Гурӯҳи кории махсуси Созмони ҳамкории Шанхай оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ ҳамчунин аз корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуданд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон