Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Барои ҳифзи бабри барфӣ ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аҳамияти калон дорад, зеро 70 фоизи масоҳати паҳншавии бабри барфӣ дар Тоҷикистон ба ин минтақа рост меояд. Чунин гуфта шуд дар конфронси илмӣ-амалии «Бабри барфӣ-мероси табиии кӯҳистон», ки бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар конфронс масъалаҳои марбут ба ҳифзи бабри барфӣ, таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳити зисти он ва тақвияти ҳамкорӣ барои нигоҳдории ин ҳайвони нодир баррасӣ гардиданд.
Таъкид шуд, ки муътадил будани саршумори бабри барфӣ яке аз нишондиҳандаҳои солимии экосистемаҳои кӯҳӣ ва нигоҳдории мувозинати табиӣ дар ин минтақа мебошад.
Бояд гуфт, ки 23 октябр Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ маҳсуб мешавад. Бабри барфӣ яке аз ҳайвонҳои зебову нодир мебошад. Дар ҳудуди ҷумҳурӣ аз даҳ қитъаи паҳншавии бабри барфӣ нуҳтои он дар ҳудуди Помиру Олой ҷойгир шудааст. Бабри барфӣ дар Тоҷикистон дар ҳудуди 20 қаторкӯҳ – Туркистон, Зарафшон, Ҳисор, Қаротегин, Ҳазратишоҳ, Вахш, Дарвоз, Академияи илмҳо, Пётри Якум, Ванҷ, Язғулом, Рӯшон, Шоҳдара, Пшарт, Музкӯл, Сарикӯл, Аличури Ҷанубӣ, Аличури Шимолӣ, Вахон ва Паси Олой паҳн гардидааст.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон