Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 15.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон дар қисми ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Дуои Модар-неруи мо, ҳифзи Ватан-қарзи мо» Рӯзи дарҳои кушод ва мулоқоти донишҷӯён бо сарбозону афсарон баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар медиҳад.
Чорабинии мазкур дар доираи Нақшаи муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Вазорати мудофиа ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид. Дар он донишҷӯёни курсҳои 1, 2 ва 3-и Филиали Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон иштирок намуда, бо шароити хизмат ва зисти сарбозону афсарон шинос шуданд.
Ҳадафи асосии ин иқдом аз баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию худшиносии миллӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таҳкими дӯстӣ байни ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иборат буд. Дар ҳамоиш оид ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот ва рушди Артиши миллӣ ибрози назар карда шуд.
Дар фарҷом аз ҷониби донишҷӯён барномаи фарҳангию фароғатӣ пешниҳод ва ба як гурӯҳ сарбозон лавозимоти варзишӣ, аз ҷумла тӯбҳои футболу волейбол тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки чунин чорабиниҳои ватандӯстона аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои кор бо ҷавонон ва варзиш то моҳи декабри соли 2026 дар 29 қисми низомии шаҳру ноҳияҳои мамлакат гузаронида мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон