Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои ИДМ ба имзо расид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 11.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 10 ноябр дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон ҷаласаи бистуми Шурои вазирони адлияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки зимни он Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён оид ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рақамикунонии мақомот, дастовардҳо дар самти адлия дар фазои Иттиҳод ва рушди институти пробатсия сухан намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҷаласаи бистуми Шурои вазирони адлияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати раиси Шурои вазирони адлияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — Вазири адлияи Ҷумҳурии Арманистон Сбруи Галян баргузор шуд.

Дар он Вазири адлияи Ҷумҳурии Беларус (дар шакли маҷозӣ), муовини якуми Вазири адлияи Ҷумҳурии Қирғизистон, Вазири адлияи Федератсияи Русия, Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазири адлияи Ҷумҳурии Узбекистон ва муовини якуми котиби генералии Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.

Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки рушди босуръати технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, ҷаҳонишавии фазои иттилоотӣ, зуҳури мушкилоти нав дар соҳаи амнияти киберӣ, инчунин зарурати таъмини рушди устувор вокуниши саривақтии ҳуқуқӣ ва таҳияи механизмҳои муосири ҳамкориро тақозо менамоянд. Дар чунин шароит аҳаммияти ҳамоҳангсозии талошҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар масъалаҳои рақамикунонии фаъолияти ҳуқуқӣ ва хизматрасониҳои давлатии ҳуқуқӣ, рушди адолати судии электронӣ, такмили механизмҳои мубодилаи байнидавлатии иттилооти ҳуқуқӣ, танзими ҳуқуқии технологияҳои зеҳни сунъӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва муқовимат ба ҷиноятҳои киберӣ ва дигар таҳдидҳои муосир меафзояд.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар доираи Шурои мазкур Созишнома оид ба ҳамкории вазоратҳои адлияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба имзо расонида шуд.

Тибқи қарори Шурои вазирони адлияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 8 октябри соли 2024, соли 2027 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон карда шуд. Вазири адлия Музаффар Ашуриён дар чаласаи мазкур нишонаи (логотипи) «Соли маърифати ҳуқуқӣ дар ИДМ-2027»-ро, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти заминавии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти фаъолияти нотариалӣ таҳия гардидааст, муаррифӣ намуд.

Бо қарорҳои Шурои вазирони адлияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил рамзи Шурои вазирони адлияи давлатҳои Иттиҳод, нишонаи (логотип) «Соли маърифати ҳуқуқӣ дар ИДМ-2027» ва Нақшаи чорабиниҳои асосии Шурои вазирони адлияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои соли 2027 тасдиқ карда шуд.

Инчунин қарор дар бораи таъсис додани Шурои методии мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ) дар назди Шурои вазирони адлияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қабул карда шуд.

Дар фарҷом таъкид гардид, ки рӯзномаи фарогири ҷаласаи Шурои вазирони адлияи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гувоҳи он аст, ки Шурои вазирони адлия минбаъд низ ҳамчун ниҳоди густаришдиҳанда ва таҳкимгари ҳамкории ҳуқуқӣ дар фазои Иттиҳод боқӣ мемонад. Самтҳои афзалиятноки он таъмини адолат ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хоҳад буд.

АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"