Дар Москва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд

АМИТ "Ховар" ·

Дар Москва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда шуд

ДУШАНБЕ, 16.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ баргузор гардид. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» дар Русия хабар медиҳад.

Дар чорабинӣ намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҳайати кормандони намояндагии дипломатӣ, намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва аъзои Шурои ҷамъиятии назди Сафорат иштирок намуданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия нақши таърихию тақдирсоз ва саҳми муассири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар эҳёи давлатдории тоҷикон ва рушду шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ таъкид кард.

Намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба вазъи сиёсию иҷтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барнома ва нақшаҳои рушди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳолат ва дурнамои ҳамкории байниҳизбӣ бо Федератсияи Русия маълумот доданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба як зумра фаъолон Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия

Источник: АМИТ "Ховар"