СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад

АМИТ "Ховар" ·

СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад

ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Ёвон идома

ДУШАНБЕ, 09.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сиёсати созандаву бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои татбиқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳияи Ёвон идома доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.

Дар ҳамин замина бо иштироки Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода дар деҳаи Сабзазори деҳоти Чоргул мумфаршкунии роҳи маҳаллӣ оғоз гардид. Ин тадбир бо дастгирии ҳамаҷонибаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон ва саҳми сокинон амалӣ гардида, дар доираи он бо ҷалби зиёда аз 3 миллион сомонӣ дар масофаи 3 километр роҳи маҳаллӣ бо истифода аз асфалти хушсифат пурра мумфарш карда мешавад.

Дар раванди корҳои созандагию ободонӣ техникаву таҷҳизоти соҳавӣ ба таври васеъ ҷалб гардида, сокинони маҳал низ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ тавассути ҳашар дар ин иқдоми созанда фаъолона саҳм мегузоранд. Амалӣ гардидани чунин ташаббусҳои созанда на танҳо ба беҳтар гардидани инфрасохтори роҳу нақлиёт, балки ба баланд шудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани шароити мусоиди иҷтимоию иқтисодӣ ва пайвастани маҳалҳои дурдаст ба шабакаи муосири роҳу нақлиёт мусоидат намуда, дар роҳи ободии деҳот ва рушди минбаъдаи он қадами устувору муҳим ба ҳисоб меравад.

Ин иқдоми созанда ҳамзамон бозгӯйи он аст, ки дар меҳвари сиёсати давлат инсон, зиндагии шоиста ва таъмини шароити арзандаи ҳар сокини мамлакат қарор дорад. Ҳамзамон ободии ҳар кӯча, маҳалла ва деҳа масъулиятшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳсоси баланди соҳибватании мардумро таҷассум менамояд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Источник: АМИТ "Ховар"