Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи 36-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябр ҳайати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи 36-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ШҲПГ
ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 сентябр ҳайати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи 36-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ШҲПГ ИДМ) иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Чорабинии мазкур дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия таҳти раёсати Прокуратураи генералии Федератсияи Русия баргузор гардид.
Дар кори Шурои ҳамоҳангсозӣ ҳамчунин ҳайатҳои прокуратураҳои генералии Озарбойҷон, Арманистон (тавассути видеоконфронс), Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Узбекистон низ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа инчунин муовини Прокурори генералии Туркманистон, Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Директори Департаменти ҳамкории амниятии Кумитаи иҷроияи ИДМ, Роҳбари Маркази зиддитеррористии кишварҳои аъзои ИДМ, Раиси Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони мақомоти тафтишоти андози кишварҳои аъзои ИДМ ва дигар меҳмонони даъватшуда иштирок доштанд.
Иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои муайян кардан, мусодира ва баргардонидани маблағҳои ғайриқонунӣ бадастовардашуда, механизмҳои гузаронидани тафтишоти зиддикоррупсионии ғайриҷиноятӣ, дурнамои истифодаи каналҳои амнияти рақамии муошират ва пешгирии экстремизм ва терроризмро бо назардошти таҷрибаи кунунии кишварҳои Иттиҳод баррасӣ карданд.
Дар фарҷоми ҷаласа Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни прокуратураҳои генералии кишварҳои аъзои ИДМ дар соҳаи мубориза бо терроризм ва экстремизм ба имзо расонида шуд.
АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон