Ҳамкории Тоҷикистон бо Палатаи муштараки тиҷоратии Швейтсария баррасӣ гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шараф Шерализода бо Президенти Палатаи муштараки тиҷоратӣ (JCC) Николаус Колер дар шаҳри Тсюрих мулоқот намуд. Тавре ба
ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шараф Шерализода бо Президенти Палатаи муштараки тиҷоратӣ (JCC) Николаус Колер дар шаҳри Тсюрих мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои марбут ба таҳкими минбаъдаи ҳамкории тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Швейтсария, аз ҷумла тавсеаи робитаҳои мустақим байни бахшҳои хусусии ду мамлакат баррасӣ гардиданд.
Сафири Тоҷикистон афзалияти иқтисодӣ ва сармоягузории мамлакатро муаррифӣ намуда, имконоти иштироки ширкатҳои швейтсарӣ дар лоиҳаҳои сармоягузорӣ ва ба роҳ мондани ҳамкориро бо ширкатҳои Тоҷикистон таъкид кард. Ҷонибҳо ҳамчунин нақши Палатаи муштараки тиҷоратиро дар мусоидат ба барқарор намудани робитаҳои соҳибкорӣ, ташкили сафарҳои соҳибкорӣ ва чорабиниҳои робитавӣ, инчунин муайян намудани самтҳои ҳамкории мутақобили судманд баррасӣ намуданд.
Ба масъалаи муаррифии васеи имконоти сармоягузории Тоҷикистон дар байни доираҳои соҳибкории Швейтсария ва тақвияти робитаҳои мустақими соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария