Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2028 оид ба футзал дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи октябр ду бозии дӯстона

ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2028 оид ба футзал дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи октябр ду бозии дӯстона анҷом медиҳад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, рақиби дастаи Тоҷикистон дастаи мунтахаби Русия хоҳад буд. Бозиҳо 18 ва 20 октябр дар маҷмааи варзишии «Кохи Олимп»-и шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Оғози ҳар ду вохӯрӣ соати 19:00 дар назар дошта шудааст.

Қаблан дар сатҳи дастаҳои мунтахаби миллӣ дастаҳои Тоҷикистон ва Русия ду маротиба бо ҳам вохӯрдаанд. Ҳар ду бозӣ соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор шудаанд. Дар рақобати аввал дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 10:7 пирӯз шуда, дар дидори дуюм  дастаи мунтахаби Русия бо ҳисоби 6:2 ғолиб омадааст.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"