Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид

АМИТ "Ховар" · · g323777

ДУШАНБЕ, 27.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 октябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Содиқ Имомӣ бо Директори Дафтари Раёсати COP31 Меҳмет Алӣ Каҳрамон мулоқот намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия хабар доданд, зимни мулоқот мусоҳибон доир ба дурнамои ҳамкории дуҷониба ва ҳамоҳангсозии масъалаҳои амалии марбут ба омодагӣ ва иштирок дар Ҷаласаи 31-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабӣ оид ба тағйирёбии иқлими Созмони Милали Муттаҳид (COP31), ки дар шаҳри Анталия баргузор мегардад, табодули афкор намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия

Источник: АМИТ "Ховар"