8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар даври ҷумҳуриявии Озмуни «Илм–фурӯғи маърифат» аз рӯйи номинатсияҳои гуногун ғолиби озмун гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд, дар номинатсияи «Зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» донишҷӯи курси сеюми факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилоот Ҳусейн Абдуллозода сазовори ҷойи якум, докторанти PhD-и кафедраи системаҳои автоматикунонидаи идоракунӣ Шамсуддинҷон Саидов, сармутахассиси Маркази рақамикунонии раванди таълим Раҳматҷон Яздонқулов ва унвонҷӯи кафедраи системаҳои автоматикунонидаи идоракунӣ Зафар Муродзода сазовори ҷойҳои сеюм шуданд.

Дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» донишҷӯи курси чоруми факултети энергетикӣ Наврӯзшоҳ Камолзода ҷойи якум ва донишҷӯи ҳамин факултет Меҳрон Халилов ҷойи дуюмро соҳиб гардиданд.

Дар номинатсияи «География» донишҷӯи курси дуюми факултети сохтмон ва меъморӣ Муҳаммад Азизов сазовори ҷойи дуюм шуд.

Ҳамзамон дар номинатсияи «Технологияҳои иттилоотӣ» донишҷӯи курси чоруми факултети технологияҳои рақамӣ, системаҳо ва ҳифзи иттилоот Меъроҷ Фозилов ҷойи дуюмро ишғол намуд.

Дар маҷмуъ дар даври ҷумҳуриявии озмун як омӯзгор, ду докторанти PhD ва панҷ донишҷӯи донишгоҳ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Дар даври донишгоҳии озмун, ки моҳи апрели соли равон баргузор шуд, аз донишгоҳ зиёда аз 500 иштирокчӣ ба қайд гирифта шуд. Шумораи иштирокчиёни озмун сол ба сол афзоиш ёфта, ин раванд барои дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави илмӣ, ҷавонони соҳибистеъдод, ихтироъкорону навоварон ва ҷалби бештари онҳо ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ин дастовард натиҷаи меҳнати омӯзгорону муҳаққиқон, омодагии ҳамаҷонибаи иштирокчиён ва таваҷҷуҳи пайвастаи раёсати донишгоҳ ба рушди иқтидори илмӣ, дастгирии истеъдодҳои ҷавон, тақвияти тафаккури техникӣ ва густариши фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ мебошад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо ташаббус ва таҳти сарпарастии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуда, ба ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, рушди қобилияти зеҳниву эҷодӣ ва дарёфти истеъдодҳои нав мусоидат менамояд.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ

Источник: АМИТ "Ховар"