Дар Женева афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо дар Тоҷикистон муаррифӣ гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 16.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14-16 октябр дар Женева ҷаласаи 87-уми Кумита оид ба рушди шаҳрдорӣ, манзил ва идоракунии замини Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Назирзода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд.

Дар ҷаласа муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон оид ба дастовардҳои Тоҷикистон, аз ҷумла афзалият дар самти рушди устувори шаҳрҳо, таъмини аҳолӣ бо манзили дастрасу босифат, татбиқи технологияҳои инноватсионӣ, таҳкими инфрасохтори муосири шаҳрӣ, самаранокии энергетикии биноҳо, рақамикунонӣ ва густариши ҳамкории муштараки байналмилалӣ сухан гуфт.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария

Источник: АМИТ "Ховар"