Дар вилояти Суғд зеристгоҳи барқии «Ёва» бо иқтидори 110/35/10 кВ ба истифода дода мешавад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 12.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ояндаи наздик дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Ёва» ба истифода дода мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика

ДУШАНБЕ, 12.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ояндаи наздик дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ-и «Ёва» ба истифода дода мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти энергетикӣ дар марҳилаи анҷом қарор доранд.‎ Бунёди зеристгоҳи нави барқии «Ёва» дар таҳкими инфрасохтори энергетикии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти неруи барқ нақши муҳим хоҳад дошт.‎‎

Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншооти энергетикӣ сарбории зеристгоҳҳои амалкунанда коҳиш ёфта, имконияти техникии шабакаҳои барқӣ васеъ мегардад. Ҳамзамон барои беҳтар намудани сифату устувории таъминоти неруи барқи аҳолӣ, корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти иҷтимоию иқтисодии минтақа, инчунин коҳиш додани талафот шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.‎ ‎

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"