Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб ташриф оварданд
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафари корӣ ба ноҳияҳои Фархор ва Восеъ, бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти
ДУШАНБЕ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/ . 4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафари корӣ ба ноҳияҳои Фархор ва Восеъ, бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, шиносоӣ бо ваъи зиндагии мардум, гузоштани санги асос ба сохтмони иншооти оянда ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон ва масъулону намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ бо эҳтиром ва самимияти беандоза пешвоз гирифтанд.
Ба истиқболи шоистаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи шаҳр фаъолону ҷавонон бо шукуҳ ва ҷалоли хоса барномаи рангини ҳунарӣ пешниҳод намуданд.
Истиқболи гарму самимӣ ва шодию нишоти намояндагони сершумори аҳолии ҷомеа дар фазои сафобахши Ватан шаҳодати ифтихор ва шукргузории мардуми Тоҷикистон аз сиёсати муваффақонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, суруду таронаҳои дилангез ҳамбастагиву ҳамдилӣ, иттиҳоду дӯстии мардуми кишвар ва комёбиву дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолиро тараннум намуданд.