Пахтакорони ноҳияи Мастчоҳ азм доранд 25 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 26.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар ноҳияи Мастчоҳ дар 10 ҳазору 400 гектар чигит кишт карда шудааст, ки аз ин миқдор беш аз 400 гектарро усули зери плёнка ташкил
ДУШАНБЕ, 26.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон дар ноҳияи Мастчоҳ дар 10 ҳазору 400 гектар чигит кишт карда шудааст, ки аз ин миқдор беш аз 400 гектарро усули зери плёнка ташкил медиҳад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ.
Вазъи пахтаи ин майдонҳо хуб буда, ҳосили интизорӣ аз ҳар гектар зиёда аз 45 сентнер мебошад.
Кишоварзони ноҳияи Мастчоҳ то 20 сентябр беш аз 4800 тонна пахта ҷамъоварӣ намудаанд, ки ба 19,5 фоизи нақшаи истеҳсол баробар мебошад. Бо ин нишондиҳанда ноҳияи Мастчоҳ дар байни ноҳияҳои пахтакори вилояти Суғд пешсаф аст.
Ҳамарӯза дар майдонҳои пахтаи ноҳия аз 350 то 420 тонна пахта ҷамъоварӣ мешавад, ки аз 1 то 1,5 фоизи нақшаи солонаи истеҳсолро ташкил медиҳад.
Соли равон тибқи нақша пахтакорони ноҳия дар маҷмуъ бояд 24 ҳазору 900 тонна пахта ҷамъоварӣ намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ